Фаъолияти меҳнатӣ

Кор дар Олмон - маълумоти нахустин ва муҳим дар бораи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои кормандон

(DGB) Конфедератсияи иттифоқҳои касабаи Олмон _ кор дар Олмон - истилоҳоти муҳим ва ҳуқуқҳо_феврали 2016

 

Рӯйхати биржаҳои ҷойи кор (Jobbörsen) - ҷустуҷӯ ва ёфтани кор

Самти касбӣ (Berufsorientierung) барои паноҳандагон

Маълумот дар бораи дурнамои касбии (Berufsorientierung) фарзандон - маълумот барои волидайн

IQ |Интегратсия аз тариқи омӯзиши тахассус (Qualifizierung)

 

Кор бо доштани иҷозатномаи истиқомат (Aufenthaltserlaubnis)

Паноҳҷӯёни эътирофшуда (Aufenthaltserlaubnis), ки аз Дафтари федералии Муҳоҷират қарори мусбат (positive Bescheid) гирифтаанд, одатан иҷозат доранд, ки бидуни маҳдудият (uneingeschränkt) фаъолияти меҳнатӣ дошта бошанд.

Шахсони дорои статуси “манъи ихроҷ” (Abschiebungsverbot) истисно мебошанд: Агар дар Қарор мафҳуми манъи ихроҷ мавҷуд бошад, мақомоти муҳоҷират судури иҷозатномаи кории (Arbeitserlaubnis) онҳоро алоҳида баррасӣ мекунанд.

Кору фаъолият бо доштани иҷозати истиқомати муваққат (Aufenthaltsgestattung) ё мақоми таҳаммулпазирӣ (Duldung)

Шахсоне, ки иҷозатномаи истиқомат (Aufenthaltsgestattung) ва ё санади таҳаммулпазирро (Duldung) доранд, метавонанд пас аз се моҳи будубош иҷозати кор дарёфт кунанд. Мӯҳлати се моҳ сар аз рӯзи тақдими дархости паноҳандагӣ ва дарёфти иқомат оғоз меёбад.

Барои дарёфти иҷозати кор бояд ба Идораи Муҳоҷират муроҷиат намуд. Дарёфти иҷозатномаи кор ҳамеша ба салоҳдиди мақомоти масъули муҳоҷират вобаста аст. Инчунин розигии Оҷонси Шуғли Аҳолӣ (Agentur für Arbeit) низ талаб карда мешавад. Тибқи ривол, мақомоти муҳоҷират худ тасдиқи Оҷонсии Шуғлро мегирад, аз ин рӯ шарт нест шахси корҷӯ аз пайи он шавад. Пас аз чор сол иқомат дар қаламрави Олмони Федералӣ, дигар розигии Оҷонси Шуғли Аҳолӣ барои дарёфти иҷозати кор талаб карда намешавад.

Тасдиқи Оҷонси Шуғли Аҳолӣ аз ду меъёр асос ёфтааст: яке санҷиши бозори меҳнат ва дигаре дар назар гирифтани афзалиятнокӣ. Тадқиқи бозори меҳнат ба шароиту мавқеи кории мушахас марбут буда, ҳам сатҳи даромад ва ҳам вақтҳои кориро месанҷад. Бо ин восита ворид гаштан ба бозори меҳнат барои шахсоне, ки иҷозати муваққати истиқомат (Aufenthaltsgestattung) ё мақоми таҳаммулпазириро (Duldung) доранд, ба монанди шахсоне, ки иҷозати номаҳдуди кор (uneingeschränkter Arbeitserlaubnis) доранд, кафолат дода мешавад. Ҳангоми санҷиши афзалиятнокӣ инчунин шахсоне, ки ҳамчун корҷӯён (arbeitssuchend) сабти ном шудаанд ва дастрасии онҳо ба бозори меҳнат номаҳдуд аст, дар назар гирифта мешаванд. Пас аз 15 моҳи будубош дар Олмон, қоидаи санҷиши афзалиятнокӣ дигар амал намекунад.

Кори муваққатӣ, аниқтараш кор ҳамчун коргари иҷоравӣ (Leiharbeitnehmerin / Leiharbeitnehmer) барои шахсони дар боло зикршуда танҳо пас аз дарёфти иқомати чорсола дар Олмон имконпазир аст.

Сатҳи даромади шахси корманд бар асоси кумакпулии дарёфтнамуда тибқи Қонуни Имтиёзҳои Паноҳҷӯён (Asylbewerberleistungsgesetz) муайян карда мешавад. Маълумоти бештарро дар ин бора метавон аз идораҳои ҳифзи иҷтимоии маҳаллӣ (Sozialamt) дарёфт намуд.

Ашхоси дорои иҷозати истиқомати муваққат (Aufenthaltsgestattung) ва шахсони дорои мақоми таҳаммулпазирӣ (Duldung) метавонанд худро дар Агентии маҳаллии Щуғли Аҳолӣ ба ҳайси ҷустуҷӯгари кор (arbeitsuchend) сабти ном намоянд.

Ба ашхоси дорои мақоми таҳаммулпазирӣ (Duldung), ки дар бораи шахсияти худ ё шаҳрвандияшон маълумоти нодуруст ё нокофӣ пешниҳод мекунанд, асосан иҷозати кор рад карда мешавад.

 

Манбаъ: http://www.bamf.de/DE/Infothek/FragenAntworten/ZugangArbeitFluechtlinge/zugang-arbeit-fluechtlinge-node.html

 

Давраи касбомӯзӣ (Ausbildung)

Давраи касбомӯзии дугона (Duale Berufsausbildung)

Дар Олмон равиши хосси омӯзиши касб вуҷуд дорад: таълими дугонаи касбӣ. Таълимоти назариявӣ дар мактаби касбӣ (Berufsschule) ва корҳои амалӣ бошанд дар ширкат ё корхонаҳо омӯзонида мешаванд.

Давраи касбомӯзии дугона (Duale Berufsausbildung) дар Олмон аз корҳои бештари амалӣ иборат аст. Ин давра одатан аз ду то сею ним сол давом намуда, ду марҳиларо дар бар дорад: ҳар ҳафта шахс дар як омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ (Berufsschule) як-ду рӯз, инчунин блокҳои пай дар пай ё вақти бештарро сарф мекунад. Дар он ҷо муаллимон дарсҳои назариявӣ мегузаранд. Дигар рӯзҳо бошад,  дониши андӯхта дар ҷои кор, масалан, болои ягон дастгоҳ амалӣ карда мешавад. Шахс бо ин восита хоҳад дид, ки равиши кори ширкат чӣ гуна аст ва оё ӯ тасаввур карда метавонад, ки минбаъд дар он корхона ба кораш идома диҳад.

Дар Олмон дар рафти давраи касбомӯзӣ (Ausbildung) ширкате, ки шахс дар он фаъолият дорад, маблағи моҳонаеро пардохт менамояд.

Манбаъ ва маълумоти иловагӣ: https://www.make-it-in-germany.com/de/studium-ausbildung/ausbildung/was-ist-ausbildung/dual/

 

Касбомӯзӣ дар омӯзишгоҳ (Schulische Ausbildung)

Дар муқоиса бо омӯзиши дугона (Duale Berufsausbildung), бо ин намуди касбомӯзӣ (Ausbildung) шумо вақти камтарро дар ширкат ё корхона мегузаронед. Шумо назария ва амалияро дар мактабҳои махсус ё коллеҷҳои касбӣ (Berufsfachschulen oder Berufskollegs) меомӯзед. Ин намуди омӯзиш бо давраҳои тӯлонитар дар ширкатҳо ё муассисаҳои ҷамъиятӣ, ки дониши омӯхта онҷо амалӣ мегардад, илова карда мешавад. Ин шакли таълим дар касбҳои монанди ҳамширагӣ (Pflegeberufen) дастрас буда, инчунин дар соҳаҳои эҷодӣ (gestalterisch), тиҷоратӣ (kaufmännisch) ё техникӣ (technisch) ҳам мушоҳида мегардад.

Ин намуд давраи касбомӯзӣ (schulische Ausbildung) одатан аз як то се солро дар бар мегирад. Он дар омӯзишгоҳҳои давлатӣ ва ё хусусӣ пешниҳод гардида, дар омӯзишгоҳҳои хусусӣ бошад, омӯзишпулӣ (Schulgeld) пардохт карда мешавад. Дар муқоиса бо таълими дугона, дар рафти ин давра ҳеҷ гуна музди меҳнат пардохт карда намешавад. Дар соҳаи тандурустӣ бошад, ба таври истисноӣ шогирдон дар марҳилаҳои тӯлонии амалӣ дар беморхонаҳо ё хонаҳои пиронсолон (Pflegeheim) фаъолият мекунанд ва дар он ҷо тӯли давраи омӯзиш музди меҳнат (Vergütung) низ мегиранд.

Манбаъи маълумоти пурра: http://www.make-it-in-germany.com/de/fuer-fachkraefte/ausbildung-lernen/ausbildung/ausbildung-in-deutschland-was-ist-das#schulische-ausbildung

 

Барномаи касбомӯзӣ якҷоя бо муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ (Ausbildungsintegriertes duales Studium)

Барномаи омӯзиши дугонаи донишгоҳӣ шакли махсуси таълими таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Он таҳсил дар донишгоҳ (Hochschule) ё коллеҷи касбиро (Berufsakademie) бо таҳсил ва фаъолияти касбӣ дар ширкатҳо пайваст мекунад. Бо хатм намудани ин давра шахс соҳиби ду дараҷа ё унвон мегардад: яке аз донишгоҳ ва дигаре аз ширкат. Ин унвон асосан дар соҳаҳои касбӣ-тиҷоратӣ (kaufmännisch) ё техникӣ (technisch) пешниҳод карда мешавад, монанди иқтисодиёт (Wirtschaftswissenschaften), мошинсозӣ (Maschinenbau) ё информатика (Informatik).

Барномаи касбомӯзии дугонаи донишгоҳӣ одатан аз се то панҷ солро дар бар мегирад. Таълимрти касбиро аксар вақт то ду сол хулоса мекунанд, то вақти кифоя барои таҳсили донишгоҳ боқӣ бимонад. Барои дохил шудан ба ин шакли таҳсил, ба шумо иҷозатномаи дастрасӣ ба донишгоҳҳои Олмон лозим аст. Барои ин, аввал ба ширкате муроҷиат кунед, ки шуморо дар марҳилаҳои амалӣ меомӯзонад. Пас шумо дар донишгоҳе шомил мешавед, ки ширкати мавриди назар бо он ҳамкорӣ дошта бошад.

Манбаъи маълумоти пурра: http://www.make-it-in-germany.com/de/fuer-fachkraefte/ausbildung-lernen/ausbildung/ausbildung-in-deutschland-was-ist-das#ausbildungsorientiertes-duales-studium

 

Давраи ихтисосӣ-муқаддимавӣ (EQ - Einstiegsqualifizierung)

Давраи ихтисосӣ-муқаддимавӣ (EQ) як фурсати умедбахшест барои дарёфти ҷои кор (Beschäftigung) ё шомил гардидан ба давраи касбомӯзӣ (Ausbildung).  

Давраи ихтисосӣ-муқаддимавӣ (EQ) назди ширкату корхонаҳо як давраи таҷрибаомӯзии дарозмуддатест, ки ҳадди аққал 6 ва ҳадди аксар 12 моҳро дар бар мегирад. Ширкате, ки ин давраи таҷрибаомӯзиро (Praktikum) пешниҳод мекунад, бояд шароити ворид шудани ба давраи касбомӯзиро (Ausbildung) низ фароҳам намояд.

Дар тӯли давраи EQ шахс бо асосҳои фаъолияти касбиаш дар оянда ошноӣ пайдо мекунад. Ин принсипҳо бар асоси барномаи эътирофшудаи давраҳои касбомӯзӣ (Ausbildung) шакл гирифтаанд. Ба иштирокчиёни EQ барномаҳои соли аввали таҳсилии давраи касбомӯзӣ омӯхта мешавад.

Пардохти маоши моҳона (EQ) бошад, байни ширкат ва худи таҷрибаомӯз мувофиқа карда мешавад. Таҷрибаомӯз дар рафти ин давра одатан ба омӯзишгоҳ (Berufschule) низ меравад. Иштирок дар дарсҳо барои шахсони зери 18-сола бошад ҳатмист.

Гурӯҳҳои тааллуқдошта:

  • Довталабони касбомӯзӣ, ки пас аз 30-юми моҳи сентябр ягон давраи касбомӯзӣ (Ausbildungsplatz) наёфтаанд.
  • Ҷӯяндагони касбмӯзӣ (Ausbildungssuchende), ки ҳанӯз шароит ва тавоноии давраи касбомӯзиро надоранд.
  • Нотавонон ё маъюбон (Lernbeeinträchtigte) ва ё шахсони аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазире, ки дар ҷустуҷӯи давраи касбомӯзӣ (Ausbildung) мебошанд.
  • Довталабони аз 25-сола боло ва шахсони дорои дараҷа ё маълумоти олӣ (Fach- Hochschulreife) метавонанд танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ ва ё бо доштани далели асоснок ба ин давраҳо шомил шаванд.
  • Ҷавононе, ки машғули таҳсилоти умумии ҳатмӣ - мактабӣ (Vollzeitschulpflicht) мебошанд, аз ин имтиёз бархурдор нестанд.

Оғоз:

Таъминот ва дохилшавӣ (Förderung) ба таҷрибаомӯзӣ 1-уми ҳар октябр оғоз мешавад. Зудҳангом оғоз намудани давра дар ҳолате имконпазир аст, ки довталабон аз "довталабони пешакӣ" (аз солҳои гузаштаи хатми мактаб) буда, инчунин шахсони дорои нуқсони таълимӣ, камбизоатҳо ё ҷавононе, ки ҳанӯз ба таҳсил пурра омода нестанд.


Пуштбонӣ ва Салоҳият:

Байни ширкат ва иштирокчиён барои татбиқи EQ шартнома баста мешавад. Палатаи савдо ва саноати Олмон (IHK) давраи таҷрибаомӯзиро тафтиш ва ба қайд гирифта, онро ҳамроҳӣ мекунад ва дар охир шаҳодатнома медиҳад. Бо бақайдгирии  давра, ширкати корфармо ҳар моҳ аз Агентии Шуғли Аҳолӣ ба маблаги 231 евро (холис) ва 116 евро (барои ҳаҷми умумии ҳифзи иҷтимоӣ - Gesamtsozialversicherungsbeitrag) кӯмакпулӣ мегирад. Ширкат маблаги 231 евроро ба таҷрибаомӯзон ҳамчун маош медиҳад, инчунин ин маблаг метавонад мувофиқи талабот пурратар карда шавад. Маблаги 116 евро бошад ба суғуртаи нафақа (Rentenversicherun) ворид мешавад. Қонуни ҳадди аққали музди меҳнат (Mindestlohn) ба иштирокчиёни давраи таҷрибаомӯзӣ тааллуқ надорад.

 

Таҳсил дар донишгоҳ

Паноҳҷӯён иҷозати таҳсил дар донишгоҳҳои Олмонро низ доранд, аз ҷумла онҳое, ки мақоми паноҳандагиро дарёфт кардаанд, инчунин шахсоне, ки дорои иқомати муваққат (Aufenthaltsgestattung) ё мақоми таҳаммулпазирӣ (Duldung) мебошанд. Ҳангоми ҳуҷатсупорӣ ва шомил шудани донишгоҳ, статуси паноҳҷӯён мисли дигар довталабони байналмилалӣ баробар муайян карда мешавад.

Шахс барои дохил шудан ба донишгоҳ (Hochschulzugangsberechtigung) бояд тахассус ва малакаи кофии забон дошта бошад. Забони таҳcил дар донишгоҳҳои Олмон асосан олмонӣ аст. Инчунин курсҳо ва барномаҳо ба  забони англисӣ, асосан дар барномаҳои магистерӣ (Master-Programme) мавҷуданд. Вобаста ба соҳаи таҳсил, гирифтани тахассуси иловагӣ ё пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иловагӣ, масалан, мактуби изҳори ҳавасмандӣ (Motivationsschreiben) зарур мебошад.

Маълумоти иловагии муҳимро дар бораи таҳcил дар донишгоҳ, талаботи он, имконоти маблағгузорӣ, хидматҳои машваратӣ ва ғайра дар инҷо пайдо кардан мумкин аст:

 https://www.study-in.de/de/refugees/  ё инҷо:   www.refugee-students-service.nrw.de

 

Манбаъ: https://www.study-in.de/de/refugees/studieren/

 

Finanzielle Studienförderung nach dem Bundesausbildungsförderungsgesetz (BAföG) für Zugewanderte

 

Таҷрибаомӯзии ихтиёрӣ (Freiwilliges Praktikum)

Таҷрибаомӯзии ихтиёрӣ (freiwilliges Praktikum) имконияти хубест барои сарфаҳм рафтани кори ширкат ё ташкилотҳо, шиносоӣ бо талабот ва фаъолияти касбҳо ва ё чун нахустин таҷрибаи корӣ. Таҷрибаомӯзон (Praktikantinnen und Praktikannten) одатан шахсоне мебошанд, ки мехоҳанд салоҳиятҳои бадастомада ё ҳанӯз бадастнаовардаашонро дар шакли амалӣ дар ягон ширкат ё ташкилот ҷиҳати омодагӣ ба фаъолиятҳои касбии оянда, касбомӯзӣ (Ausbildung) ё таҳсил дар донишгоҳ (Studium) амиқтар кунанд. 

Барои онки битавонед як давраи таҷрибаомӯзии ихтиёриро ҳамчун роҳнамои касбӣ (Berufsorientierung) ё тағйири касб (Berufssumorientierung) гузаронед, бояд аз мақомоти муҳоҷират (Ausländerbehörde) иҷозат гиред. Таҷрибаомӯзии касбӣ ҷиҳати тағйири касб (Beruf(um)sorientierungspraktikum) ба қонуни музди меҳнати ҳадди аққал (Mindestlohn) вобаста нест ва метавонад ҳадди аксар тули 3 моҳро дар бар гирад. 

Таҷрибаомӯзии ихтиёрӣ бояд танҳо пас аз 3 моҳи будубош дар Олмон оғоз гардад. Инчунин ба талаботи қонунгузорӣ, монанди соатҳои кории қонунӣ ва танаффусҳо мувофиқат кунад.

Ба тафовут аз таҷрибаомӯзӣ давраи дигаре бо номи ҳузурёбии холис (Hospitation) низ ҳаст. Дар ин давра шумо дар ягон ширкат ё ташкилот ҳамчун меҳмон ҳастед ва танҳо назорат мекунед. Барои шомил шудан ба давраи ҳузурёбӣ аз мақомоти идораи муҳоҷират (Ausländerbehörde) иҷозат лозим нест.

 

Эътирофи тахассусҳои (касбшуда) хориҷ аз Олмон

Фаъолият дар як  қатор касбҳо дар Олмон "ба танзим дароварда шудаанд". Мафҳуми "касбҳои танзимшуда" (reglementiert) маънои онро дорад, ки касб бидуни тасдиқи маоқмоти дахлдор ва эътирофи тахассуси шахс (Anerkennung der Berufsqualifikation) амалӣ карда намешавад. Дар Олмон фаъолият дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф (масалан ҳамчун табиб, ҳамшираи шафқат ё муаллим) ба танзим дароварда шудааст. Ғайр аз он, баъзе касбу фаъолиятҳои дигар низ қоидаҳои махсуси худро доранд, масалан агар шумо ҳамчун соҳибкор ба кори нонпазӣ ё сартарошӣ машғул шавед.

 

Маълумоти иловагӣ, машваратҳои телефонӣ ва манбаъ: http://www.bamf.de/DE/Willkommen/ArbeitBeruf/Anerkennung/Hintergrundinformationen/hintergrundinformationen-node.html

Оё шумо дар кишвари худ кор кардаед ва ё маълумоти олӣ доред?

Эътирофи тахассуси (Anerkennung) шумо метавонад барои пайдо намудани кор дар Олмон муҳим бошад. Замимаи (App) "Anerkennung in Deutschland" дар ин мавзӯъ ба шумо маълумот ва машварат медиҳад. Барномаи зикршуда дар шаклҳои Android ва Windows-Phone қобили дастрас аст.

 

Мавзӯъи эътирофи тахассуси пурра (Berufsabschlüssen) дар (VHS) маркази курсҳои таҳсилоти умумӣ дар минтақаи Ennepe-Ruhr-Süd

Машваратҳои мутахассисони VHS Ennepe-Ruhr-Süd оид ба:

  • маълумот дар бораи заминаи ҳуқуқӣ, имконоти корёбӣ ва ҷараёни бақайдгирии тахассус (Anerkennungsverfahren)
  • ёрӣ дар пешниҳоди ариза (Antragstellung) ба мақомоти эътироф ва бақайдгирии тахассус (Anerkennungsstelle)
  • ҳамроҳӣ намудани муроҷиаткунанда дар рафти эътироф ва бақайдгирии тахассус
  • аз назаргузаронӣ ва шарҳ додани мактубу огоҳиномаҳо ва талаботи касбӣ
  • кӯмак дар дарёфти курсҳои тахассусии мутобиқшавӣ (Anpassungsqualifizierungsmaßnahmen)
  • маълумот дар бораи шароиту имконоти маблағгузории курсҳои тахассусӣ (Qualifizierungsmaßnahmen)
  • машварат дар бораи вазияти кор ва такмили мавқеи касбӣ
  • мавридҳои мазкур машварати расмии ҳуқуқӣ ё миёнаравии корёбӣ ба ҳисоб намераванд
Чорчӯбаҳо:
  • машварати ройгон.
  • ҳадди аксари соатҳои машварат 9 соат буда, дар чанд навбат гузаронида мешавад.

инҷо:   ёфтани шахси мутасаддӣ

Манбаъ:   https://www.vhs-en-sued.com/

 

Агентии шуғли аҳолӣ (Arbeitsagentur)

Агентии федералии шуғл (BA) дар бозори меҳнат (Arbeit) ва коромӯзӣ (Ausbildung) ҳам барои шаҳрвандон ва ҳам барои ширкату ва муассисаҳо вазифаҳои мураккаби хидматрасониро иҷро мекунад. Барои амалӣ гардидани ин  хидматрасониҳо дар саросари Олмон шабакаи оҷонсиҳо ва идораҳои шуғл мавҷуд мебошанд.

Вазифаҳои асосии Агентии Федералии Шуғл (Bundesagentur für Arbeit) аз инҳо иборатанд:

  • Таъмини шаҳрвандон бо давраҳои касбомӯзӣ (Ausbildung) ва ҷойҳои корӣ (Arbeit)
  • Машварат оид ба шуғлёбӣ
  • Машварат ба ширкату корфармоён
  • пуштибонӣ ва сармоягузории давраҳои касбомӯзӣ (Ausbildung)
  • пуштибонӣ ва сармоягузории давраҳои иловагии назариявӣ (Weiterbildung)
  • пуштибонӣ ва сармоягузории маъюбон ҷиҳати воридкунӣ ба бозори кор ва ҳамгироии касбии онон
  • Хизматрасонӣ ва пуштибонӣ ҷиҳати ташкил ва ҳифзи ҷойҳои корӣ ё пардохти ҷуброн, ба монанди бекорипулӣ ё кӯмакпулиҳо ба муфлисшудагон.

 

Ғайр аз он, Агентии Федералии Шуғл вазифаи тадқиқоти касбӣ, мониторинг ва ҳисоботдиҳии бозори меҳнатро анҷом медиҳад ва омори бозори меҳнатро пеш мебарад. Кӯмакпулӣ барои кӯдак низ ҳамчун фонди оила пардохт карда мешавад. Агентии мазкур инчунин вазифаи танзиму назорат оид ба мубориза бо сӯиистифода аз кӯмакпулиҳои иҷтимоъиро дорад.

Манбаъ барои маълумоти бештар: https://www.arbeitsagentur.de/web/content/DE/BuergerinnenUndBuerger/ArbeitundBeruf/ArbeitsJobsuche/ArbeitinDeutschland/Asylbewerber/index.htm

 

Машварат ва сабти номи корҷӯён (Arbeitssuchendmeldung) барои паноҳҷӯёни минтақаи Ennepe-Ruhr Kreis

Суроға: Агентии Федералии Шуғл шаҳри Schwelm

Agentur für Arbeit Schwelm

Viktoriastr. 20
58332 Schwelm

Шумораи тамос:

Телефон: 0800 4 5555 00 (Arbeitnehmer)*
(Зангҳои даромад ройгон мебошанд)

Суроғаи почта:

Agentur für Arbeit Hagen
58080 Hagen

 

Бо огоҳии бештар ба суи мақсад - Маркази иттилооти касбӣ (Berufsinformationszentrum BiZ)

Ба маркази иттилоотӣ оид ба касб ташриф оварда, дар бораи ҳама касбу фаъолиятҳо дар Олмон маълумот пайдо кунед.

Суроға: Агентии Федералии Шуғли шаҳри Hagen

Agentur für Arbeit Hagen
Körnerstr. 98-100
58095 Hagen

Агар шумо бо Агенти Шуғл ваъдаи машварат таъин кунед, бояд бо худ CV (Lebenslauf), шаҳодатнома (Ausweis), маълумотномаҳо/дипломҳои (Zeugnisse/Zertifikate) ва саволномаи пуркардашударо ( Kompetenzfragebogen ) биёред.