Иҷораи хона (Wohnung) барои худ

ТАВАҶҶӮҲ: Дар ҳоли ҳозир барои иҷораи хона (ба паноҳандагон) танҳо дар ҳолатҳои душвор ва истисноӣ иҷозат дода мешавад (қарорро Идораи Ҳифзи Иҷтимоӣ қабул мекунад) ё инки шахс бо ёфтани ҷои кор иҷорапулии хонаро худ ба ӯҳда мегирад. Дар ин ҳолат низ иҷозаи Идораи Ҳифзи Иҷтимоии (Sozialamt) шаҳр лозим аст.

 

Шаҳрдории шаҳри Sprockhövel мутасаддии таъмини ҷои зист (барои паноҳандагони ин шаҳр) мебошад. 

(Барои муҳоҷирон) пайдо ва ба номи худ иҷора намудани хона дар шаҳри Sprockhövel имконпазир аст. Бо ин мақсад, бояд пешниҳодномаи хонаи иҷоравӣ Angebotsformular аз тарафи соҳиби хона пур карда шавад.

Сипас шароити хонаи ёфташударо Идораи Ҳифзи Иҷтимоии шаҳри Sprockhövel (Sozialamt) (мутасаддӣ Frau Nachtigall) санҷида баромада, расмиёти қарордоди иҷораро таҳия менамояд. Кормандони масъули паноҳандагони шаҳри Sprockhövel (Sarah Biet-Sayah ва Michael Bergediek) низ дар ин кор кӯмак менамоянд. Хонаҳои чандҳуҷраии калонтарро метавон инчунин барои чанд нафар иҷора намуд. Маблағҳои пасандози иҷора (Mietkaution) ва саҳмияҳои кооперативӣ (Genossenschaftsbeiträge) метвонанд аз ҷониби Идораи Ҳифзи Иҷтимоӣ пешакӣ ҳамчун қарз (Darlehen) маблағгузорӣ карда шуда, сипас қисм ба қисм (Raten) ба ин идора бозгардонида шаванд.

 

Рӯйхатҳои назоратӣ (Checkliste) “кӯчидан ба хонаи истиқомати худ”

Рӯйхатҳои назоратӣ (Checkliste) “кӯчидан ба хонаи истиқомати худ” - маълумоти муҳим оид ба кӯчидан ба хонаи иҷоравии шахсӣ.

 

Ҷудо намудани партовҳо - Mülltrennung

Ҷудо намудани партовҳо - маълумоти муҳим оид ба ҷудо намудани ахлот ва партовҳо

 

маслиҳатҳо оид ба сарфаҷӯии дар энергия

маслиҳатҳо оид ба сарфаҷӯии дар энергия

 

Истифодаи асбоби корӣ - Werkzeug ausleihen

Ҷамъияти Ёрӣ ба Паноҳандагони (Flüchtlingshilfe) шаҳри Sprockhövel барои кушодану васли мебел асбобҳои кориро дар ихтиёри шаҳрвандон мегузорад.

Асбобҳоро метавон ҳадди аксар ба муддати 4 рӯзи корӣ ба таври ройгон истифода бурд.

Асбобҳои дар дастрасбударо метавон дар инҷо дид:

Werkzeugausleihe Flüchtlingshilfe Sprockhövel